Русия моҳвораи низомӣ ба фазо фиристод
Русия дар чорчӯби Барномаи тавсеаи имконоти низомӣ- фазоӣ, як моҳвораи низомӣ аз навъи “Cosmos” ба фазо партоб кард.
Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, дафтари матбуотии Вазорати дифои Русия эълом кард, моҳвораи низомии ҷадид бомдоди имрӯз ( панҷшанбе ) бо мушаки моҳворабари “Протон –М” аз пойгоҳи фазоии “Бойконур” дар Қазоқистон ба фазо партоб шуд.
Бинобар ин гузориш, ин моҳвора мутобиқи барнома дар мадори мавриди назар перомуни кураи замин қарор гирифту нерӯи ҳавофазо пас аз барқарории иртиботу контрол, баҳрабардорӣ аз онро оғоз кард.
Бар асоси маъмурияти таърифшуда, моҳвораи низомии ҷадид илова бар анҷоми маъмуриятҳои низомӣ ва гирифтану ирсоли тасовир аз замин, аз аҳдофи фазоӣ низ тасвирбардорӣ мекунад.
Русияи ҳудуди 100 дастгоҳи моҳвора дар мадори замин дорад, ки ниме аз онҳо фаъол ҳастанд. Аҳамияти фаъолиятҳои низомӣ дар фазо сабаб шудааст, се қудрати бартари ин ҳавза, яъне Русия, Амрико, Чин ва чанд кишвари аврупоӣ барои ҳузури бештар дар ин ҳавза барномарезӣ кунанд.