Пикассои кӯчаки афғон дар Сербистон хабарсоз шуд (акс)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i21838-Пикассои_кӯчаки_афғон_дар_Сербистон_хабарсоз_шуд_(акс)
Давлати Сарбистон эъломи омодагӣ кардааст, ки ба наққоши 10 солаи афғон ва хонаводааш, ки аз ҳашт моҳ пеш дар урдугоҳи паноҳҷӯён басар мебаранд, шаҳрвандии ин кишварро бидиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 17, 2017 16:34 Asia/Dushanbe
  • Пикассои кӯчаки афғон дар Сербистон хабарсоз шуд (акс)

Давлати Сарбистон эъломи омодагӣ кардааст, ки ба наққоши 10 солаи афғон ва хонаводааш, ки аз ҳашт моҳ пеш дар урдугоҳи паноҳҷӯён басар мебаранд, шаҳрвандии ин кишварро бидиҳад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Интихоб”, Фврҳод Нурӣ, ки ба хотири истеъдоди ҳунариаш ба Пикассои кӯчак маъруф шудааст, ҳафтаи гузашта барои аввалин бор дар Сербистон намоишгоҳи наққошӣ баргузор кард, ки боиси ҷалби таваҷҷуҳи бисёре аз мунтақидон шуд.

Пас аз баргузории ин намоишгоҳ Фарҳод ва хонаводааш барои дидор бо Александр Вучич, раисиҷумҳури Сербистон даъват шуданд ва Вучич дар ин дидор ба онҳо пешниҳоди шаҳрвандӣ ва ҳамчунин ба падари Фарҳод Нурӣ ваъдаи иштиғол дод.

Фарҳод Нурӣ дусол қабл бо хонаводааш аз Афғонистон фирор карда ва аз ҳашт моҳ қабл дар урдугоҳи паноҳҷӯёни шаҳри Белгради Сербистон зиндагӣ мекунад.