Август 20, 2017 13:02 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи барканории раисҷумҳури Амрико ба Конгресс рафт

Як узви Конгресси Амрико муоинаи мағзӣ ва равонпизшикии Доналд Трамп ва баррасии тавонои ӯро барои идомаи раёсатҷумҳурии Амрико хостор шуд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, Зо Лофгрен, тарҳеро ба Конгресс  фиристода, бар асоси он муоинаи мағзӣ ва равонпизишкии Доналд Трампро хостор шудааст, то мушаххас шавад, ки  ӯ барои анҷоми вазоифи раёсатҷумҳурии Амрико салоҳияти равонии лозимро дорад ё хайр. Лофгрен бо ёдоварии рафторҳои аҷибу ғариб ва суханрониҳои нигаронкунандаи Трамп гуфт, ӯ дар мароҳили аввалияи тира шудани ақл ба сар мебарад. Ба гуфтаи ӯ, Майк Пенс, муовини раисҷумҳур ва ташкилоти раёсатҷумҳурӣ бояд аз натиҷаи муоина бохабар шаванд, то дар бораи боқӣ мондани Трамп дар риёсатҷумҳурӣ тасмимгирӣ шавад.

Бар асоси банди 25-и ислоҳияи Қонуни Асосии Амрико, муовин ва аксарияти аъзои дафтари раёсатҷумҳурӣ дар сурати ташхиси нотавонии раисҷумҳур аз анҷоми вазоифу умури дафтари раёсатҷумҳурӣ ҳаққ доранд, ӯро то замони ҷойгузини раисҷумҳур шудани нафари дигар аз мансабаш барканор кунанд.

 

Барчасп