Мухолифати сиёсатмадори олмонӣ бо таҳрими Русия
Раиси ҷиноҳи Ҳизби чап дар парлумони Олмон, таҳримҳои зидди русиро иқдоме бенатиҷа донист.
Ба гузориши “РИА Новости”, Дитмар Барч, раиси ҷиноҳи Ҳизби чап дар парлумони Олмон гуфт, сиёсати давлати ин кишвар барои таҳримҳои зидди Русия ҳеҷ фоидае надошта ва иқдоме бенатиҷа будааст.
Аз оғози буҳрони Украина дар соли 2014, равобити Ғарб бо Русия пуртаниш шудааст ва Амрико ва Иттиҳоди Аврупо бо муттаҳам кардани Русия ба дахолат дар ин буҳрон, таҳримҳоеро зидди ин кишвар вазъ карданд, ки мутақобилан Маскав низ вокуниш нишон дод.
Русия ҳамвораи иттиҳомоти кишварҳои ғарбӣ бино бар дахолат дар умури дохилии Украинаро рад ва эълом кардааст, аз ҷанги дохилӣ дар шарқи ин кишвар ҷонибдорӣ намекунад ва пойбанди тавофуқоти Минск барои ҳаллу фасли буҳрон дар шарқи Украина аст.
Русия ҳамчунин борҳо таъкид кардааст, таҳримҳои зидди русӣ сиёсатҳои Маскавро тағйир нахоҳад дод.