Луқмаи гулугир қаҳрамони парвариши андомро кушт
https://parstoday.ir/tg/news/world-i22140-Луқмаи_гулугир_қаҳрамони_парвариши_андомро_кушт
Марги аҷиби қаҳрамони қавиҳайкали парвариши андоми Амрико, ҳаводорони ӯро шока кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 23, 2017 16:03 Asia/Dushanbe
  • Луқмаи гулугир қаҳрамони парвариши андомро кушт

Марги аҷиби қаҳрамони қавиҳайкали парвариши андоми Амрико, ҳаводорони ӯро шока кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Даллас Маккарвер танҳо 26 сол дошт ва аз маҳбубтарин варзишкорони парвариши андоми амрикоӣ буд .

Вай шомгоҳи душанбе ба далели паридани луқмаи ғизо дар гулуяш хафа шуд ва ҷони худро аз даст дод .

Дӯстони Даллас Маккарвер ӯро беҳуш дар апартаменташ дар Флорида пайдо карда ва ба суръат ба ёрии таъҷилӣ иттилоъ дода буданд, аммо вай пас аз интиқол ба бемористон ҷони худро аз даст дод .

Номзади Даллас Маккарвер гуфтааст, ӯ дар поёни охирин гуфтугӯи телефонӣ, ки бо ҳам доштанд, гуфта буд, гурусна аст ва мехоҳад, шом бихурад .

Пизишкии қонунӣ низ пас аз озмоишҳо масрафи ҳаргуна мукаммили ғайримуҷоз ва хатарнокро рад кардааст .