Сентябр 01, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намози Иди Қурбон дар саросари Русия

Масъулони Русия намози Иди Қурбонро дар саросари ин кишвар баргузор карданд ва раисҷумҳури ин кишвар низ идро ба мусалмонон табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, субҳи рӯзи ҷумъа дар Маскав беш аз 200 ҳазор мусалмон бо ҳузур дар масоҷиди ин шаҳр намози Иди саиди Қурбонро баргузор карданд. Намози Иди Қурбон дар масҷиди ҷомеи Маскав бо имомати Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиҳои Русия ва бо ҳузури беш аз 100 ҳазор нафар баргузор шуд. Бинобар эъломи Вазорати умури дохилии Русия, 4500 нерӯи пулис ҳифзи амнияти ин маросимро бар уҳда дошт.

Ҳамчунин Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар паёме Иди Қурбонро ба мусалмонон табрик гуфт. Дар паёми шодбошии Путин ба мусалмонони Русия, ки рӯзи ҷумъа дар намози ид дар масҷиди ҷомеи Маскав хонда шуд, омадааст: «Иди Қурбон дар поёни маросими ҳаҷ аз суннатҳои арзишманди исломии куҳан аст ва реша дар боварҳои пойдор ва рӯҳонӣ дорад». Путин дар паёми худ таъкид кардааст, ки Иди Қурбон ҷомеаи исломии Русияро муттаҳид месозад.

Русия беш аз 20 миллион мусалмон ва ҳудуди ҳафт ҳазор масҷид дорад.

 

Барчасп