Ҳушдори ҷиддии Русия ба Амрико
Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, агар FBI (ФБР) консулгарии Русия дар Сан-Франсискоро бозрасӣ кунад, ин иқдоми Амрико нақзи қонуни масунияти дипломатҳои рус маҳсуб хоҳад шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Мария Захарова, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, дархост барои бозрасӣ аз консулгарӣ ва маҳалли иқомати дипломатҳои рус таҳдиде мустақим барои амнияти шаҳрвандони рус маҳсуб мешавад.
Ин суханон дар ҳоле матраҳ шуд, ки Вазорати умури хориҷаи Амрико аз Маскав хостааст, консулгариҳои худро дар Сан-Франсиско, Вашингтон ва Ню-Йорк таътил кунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, бар хилофи протоколи масунияти дипломатӣ қарор аст хадамоти вижаи Амрико консулгарии Сан-Франсиско ва биноҳои маҳалли сукунати дипломатҳои рус ва хонаводаҳои онҳоро тафтиш кунанд.
Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия низ пештар ба Амрико ҳушдор дод, дар иртибот бо ин иқдом вокуниши шадиде нишон хоҳад дод.
Дастур барои холӣ кардани консулгарӣ ва маҳалли сукунати расмӣ- дипломатӣ дар Сан-Франсиско ба бунбасти дипломатии шадид миёни Вашингтон ва Маскав доман задааст.