Ибрози нигаронии Русия аз авзои Мянмар
Давлати Русия дар бораи авзои мусалмонони Мянмар ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, ҳамзамон бо идомаи куштори мусалмонони роҳингияӣ дар Мянмар ба дасти буддоиҳои тундрав, ки бо сукути давлат ва артиши ин кишвар анҷом мешавад, Вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи душанбе дар баёнияе таъкид кард, ахбори задухӯрдҳо дар Мянмар, ки мунҷар ба қурбонӣ шудани сокинони маҳаллӣ ва вахомати авзои инсонӣ мешавад, ба шиддат нигаронкунанда аст.
Русия дар ин баёния аз ҳамаи тарафҳои даргир дар Мянмар даъват кард, гуфтугӯҳоеро бо ҳадафи беҳбуди авзоъ ва ҳаракат дар масири пешниҳодҳои комиссияи вижа ба сарпарастии Кофи Аннан, дабири кулли пешини Созмони Милали Муттаҳид оғоз кунанд.
Рӯзи якшанбе низ ҳазорон нафар бо баргузории иҷтимоот дар Маскав ва чанд шаҳри дигари ин кишвар, куштори мусалмононро дар Мянмар маҳкум карданд ва хостори таваққуфи ин ҷиноятҳо ва вокуниши қотеи ҷомеаи ҷаҳонӣ шуданд.
Мавҷ ҷадиди хушунатҳо дар Мянмар аз як ҳафта пеш оғоз шуд ва то кунун садҳо мусалмон кушта ва даҳҳо ҳазор нафар низ овора шудаанд.
Гурӯҳи мусаллаҳе, ки ин ҳамалотро оғоз кардааст, худро “Артиши растгории роҳингияии Аракон” (Рохин) меномад.