30 ҳазор мусалмони Руҳингиё бидуни ғизо ва дору дар марзи Бангладеш
(last modified Tue, 05 Sep 2017 06:18:29 GMT )
Сентябр 05, 2017 11:18 Asia/Dushanbe
  • 30 ҳазор мусалмони Руҳингиё бидуни ғизо ва дору дар марзи Бангладеш

Даҳҳо ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё дар пайи амалиётҳои артиши Миёнмор дар шимоли ғарби ин кишвар дар марзи Бангладеш бидуни дастрасӣ ба об, дору ва ғизо гирифтор шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, аксҳои моҳвораӣ, ки Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар мунташир кардааст, нишон медиҳад, ки дар даргириҳои нерӯҳои мусаллаҳи Миёнмор ва шибҳинизомиёни маҳаллӣ тамоми рустоҳо ба оташ кашида шудааст ва мардуми Руҳингиё талош мекунанд аз минтақа бигурезанд.

То кунун беш аз 73 ҳазор нафар аз мусалмонони Руҳингиё аз марз убур кардаанд.

Аммо гузоришҳои расида аз иёлати Рохин ҳикоят аз он дорад, ки дастикам сӣ ҳазор мусалмони Руҳингиё дар манотиқи кӯҳистонӣ гир афтодаанд ва ба об, дору ва ғизо дастрасӣ надоранд.

Видеоҳое, ки дар ихтиёри Си Эн Эн қарор гирифтааст, нишон медиҳад, ки даҳҳо зану марду кӯдак дар кӯҳҳо ва миёни ҷангал гирифтор шуда ва дар паноҳгоҳҳои муваққате, ки аз шоху барги дарахтон сохтаанд, зиндагӣ мекунанд.

Дидабони Ҳуқуқи Башар аз Миёнмор хостааст, ба нозирони мустақил иҷоза диҳад вориди вилояти Рохин дар шимоли ғарби ин кишвар шаванд.

 Руҳингиёиҳо ақаллияти мусалмон дар кишвари умдатан буддоии Миёнмор ҳастанд, ки Миёнмор онҳоро бангладешӣ ва Бангладеш онҳоро миёнморӣ медонад.