Қолибоф: Пирӯзии миллати Эрон, ҳайманаи Амрико ва режими саҳюнистиро фурӯ рехт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125074-Қолибоф_Пирӯзии_миллати_Эрон_ҳайманаи_Амрико_ва_режими_саҳюнистиро_фурӯ_рехт
Порс Тудей — Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари ҳеҷ ҷанге набудааст, гуфт: «Миллати Эрон дар ҷанги ахир бо истодагӣ ва муқовимат, Амрико ва режими саҳюнистиро дар арсаи сиёсӣ ва низомӣ шикаст дод ва ҳайманаи ононро дар ҳам шикаст».
(last modified 2026-07-05T00:43:32+00:00 )
Июл 05, 2026 05:37 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар дидор бо Ҳофизуддин Аҳмад, раиси Маҷлиси миллии Бангладеш
    Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар дидор бо Ҳофизуддин Аҳмад, раиси Маҷлиси миллии Бангладеш

Порс Тудей — Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари ҳеҷ ҷанге набудааст, гуфт: «Миллати Эрон дар ҷанги ахир бо истодагӣ ва муқовимат, Амрико ва режими саҳюнистиро дар арсаи сиёсӣ ва низомӣ шикаст дод ва ҳайманаи ононро дар ҳам шикаст».

Порс Тудей — Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари ҳеҷ ҷанге набудааст, гуфт: «Миллати Эрон дар ҷанги ахир бо истодагӣ ва муқовимат, Амрико ва режими саҳюнистиро дар арсаи сиёсӣ ва низомӣ шикаст дод ва ҳайманаи ононро дар ҳам шикаст».

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симмо, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар ҳошияи маросими адои эҳтироми ҳайатҳои хориҷӣ ба пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ, бо Ҳофизуддин Аҳмад, раиси Маҷлиси миллӣ (парлумон)-и Бангладеш дидору гуфтугӯ кард. Вай дар ин дидор бо ишора ба ормонҳои Инқилоби Исломӣ афзуд: «Аз замони пирӯзии Инқилоби Исломӣ ба раҳбарии Имом Хумайнӣ (р), муҳимтарин роҳбурди Ҷумҳурии Исломӣ, ваҳдати уммати исломӣ, мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ, густариши сулҳ, адолат ва истиқлоли миллатҳо будааст. Раҳбари шаҳиди Инқилоб низ ҳамин масирро идома доданд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамеша дар хатти муқаддами дифоъ аз уммати исломӣ ва муқобила бо ҷиноятҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ, бавижа дар ҳимоят аз миллати Фаластин, қарор доштааст».

Қолибоф бо баёни ин ки душмании Амрико бо миллати Эрон собиқаи тӯлонӣ дорад, тасреҳ кард: «Амрико ва режими саҳюнистӣ пеш аз Инқилоб бар кишвари мо салта доштанд, аммо миллати Эрон ононро аз кишвар берун кард. Аз кудето ва террор гирифта то навъҳои фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ, иқдом карданд, аммо ҳеҷ як аз ин иқдомот натавонист миллати Эронро аз масири Инқилоби худ мунҳарифи созад». Вай идома дод: «Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гоҳ оғозгари ҷанг набудааст. Ҳатто дар мақтаи ахир низ дар ҳоли музокира будем, аммо Амрико ва режими саҳюнистӣ бо ҳамла ба Эрон, мизи музокираро бомбаборон карданд. Бо ин ҳол, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мудирияти ҳушмандонаи саҳнаи набард ва баҳрагирӣ аз ҷанги номутақобил, дарси фаромӯшнашудание ба мутаҷовузон доданд».

Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо ишора ба сиёсатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор кард: «Мо ба дунболи ҷанг нестем, аммо дар баробари ҳар гуна таҷовуз бо қудрат меистем. Имрӯз кишварҳои исломӣ бояд дар баробари зӯргӯӣ ва якҷонибагароии Амрико муттаҳид шаванд. Яқин дорем самараи хуни Раҳбари шаҳиди Инқилоб ва дигар шуҳадо, озодии Қудси шариф хоҳад буд ва оянда мутааллиқ ба ҷабҳаи муқовимат аст».

Дар идомаи ин дидор, Ҳофизуддин Аҳмад, раиси Маҷлиси миллии Бангладеш, зимни таслияти шаҳодати Раҳбари Инқилоби Исломӣ, гуфт: «Шаҳодати Раҳбари Эрон танҳо зоеае барои Ҷумҳурии Исломии Эрон набуд, балки барои ҷаҳони Ислом буд. Мардуми Бангладеш, ки ҷамъияти ҳудуди 200 миллион мусулмон доранд, Инқилоби Исломии соли 1979-ро ба хубӣ мешиносанд ва эҳтироми вижае барои оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ ва муқовимати миллати Эрон дар баробари мутаҷовузон ва қудратҳои бузург қоиланд». Вай бо қадрдонӣ аз амалкарди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар музокирот ва талош барои барқарории сулҳ, ибрози умедворӣ кард сулҳи пойдор дар минтақа барқарор шавад ва афзуд: «Равобити Эрон ва Бангладеш решаи таърихӣ дорад ва бо истиқрори давлати ҷадид дар Бангладеш, алоқаманд ба густариши ҳамкориҳои парлумонӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ҳастем».