Сентябр 12, 2017 11:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши таҳрим алайҳи Кореяи Шимолӣ тасвиб шуд

Аъзои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пас аз баҳсу баррасии қатъномаи пешниҳодии Амрико алайҳи Кореяи Шимолӣ, ба иттифоқи оро ба афзоиши таҳримҳо алайҳи ин кишвар раъйи мусбат доданд.

Ба гузориши ИРНА, дар пайи раъйи Шӯрои амнияти СММ ба қатъномаи таҳримҳо, намояндаи Русия гуфтугӯи дипломатӣ бо Кореяи Шимолиро хостор шуд ва ҳушдор дод, ки бетаваҷҷуҳӣ ба ин мавзӯъ назари иттифоқии Шӯрои амниятро ба хатар меандозад.

Вай изҳор дошт: “Таъкид мекунем, ки бояд ин қатънома ба вазъи инсониву шаҳрвандони Кореяи Шимолӣ тавваҷуҳ кунад”.

Қатъномаҳои тасвибшуда, ки таҳримҳои бисёр сангинтаре аз ҳамаи таҳримҳои қарни 21-ро алайҳи Кореяи Шимолӣ ҷорӣ мекунад, бахшҳои газу нассоҷии Кореяи Шимолиро ҳадаф қарор медиҳад ва аз воридоти нафту бензин ба Кореяи Шимолӣ пешгирӣ мекунад.

Ҳамчунин аз кори он даста аз коргарони Кореяи Шимолӣ, ки ҳосили даромадҳои худро ба кишварашон мефиристанд, дар дигар кишварҳо ҷилавгирӣ мешавад.

 

Барчасп