Баста шудани гузаргоҳи марзии Покистон ва Афғонистон
Гузаргоҳи марзии Турхам дар марзи Покистон ва Афғонистон пас аз вуқӯи ду инфиҷор баста шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, бар асари инфиҷори дирӯз дар наздикии гузаргоҳи марзии Турхам 7 нафар, аз ҷумла 6 марзбони покистонӣ захмӣ шуданд.
Манобеи огоҳ иллати ин инфиҷорҳоро партоби норинҷак эълом карданд ва гуфтанд, пас аз ин инфиҷорҳо нерӯҳои амниятии Покистон амалиёт ҷустуҷӯ барои шиносоии омилони ин ҳамлаи террористиро оғоз кардаанд.
Бо баста шудани ин гузаргоҳ сафҳои тӯлонӣ аз мардум ва комюнҳои ҳомили коло дар ду тарафи марз эҷод шудааст.
Гузаргоҳи марзии Турхам дар феврали соли 2017 ҳам пас аз мавҷи ҳамалоти Толибон ва гурӯҳи террористии Ҷамоат-ул-Аҳрор дар Покистон ба муддати 32 рӯз баста шуда буд.