Эъломи азои умумӣ дар Эрон
(last modified Sun, 27 Apr 2025 14:23:52 GMT )
Апрел 27, 2025 19:23 Asia/Dushanbe
  • Эъломи азои умумӣ дар Эрон

Порс Тудей - Ба дунболи ҳодисаи ногувори инфиҷор дар бандари шаҳид Раҷоӣ, давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон фардо (душанбе)-ро дар саросари Эрон азои умумӣ эълом кард.

Фотимаи Муҳоҷиронӣ, сухангӯи давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи якшанбе гуфт: Давлати фардо (душанбе)-ро дар саросари Эрон азои умумӣ эълом кардааст.

Ба гузориши Порс Тудей, вай зимни ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаҳои доғдор, аз пайгирии вижаи ҳодиса ва сафари раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Бандар Аббос хабар дод.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон зуҳри якшанбе ба манзури баррасии охирин вазъияти ҳодисаи инфиҷор дар бандари шаҳид Раҷоӣ ва мудирияти майдонии абъоди мухталифи ин ҳодиса вориди Бандар Аббос, маркази устони Ҳурмузгон шуд.

Бар асоси барномаи эълом шуда, раисиҷумҳур дар ҷаласаи фавқулоддаа ситоди мудирияти буҳрони устон, ки бо ҳузури вузаро ва масъулони марбӯта баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард то зимни истимоъи гузоришҳои майдонӣ, дастӯроти лозим барои тасреъ дар расидагӣ ба вазъияти осебдидагон, ҷуброни хисоратҳо ва бозгардондани шароити одӣ ба бандари шаҳид Раҷоиро содир кунад.

Инфиҷори бузурге ҳудӯди соати 12 рӯзи шанбе дар бандари шаҳиди Раҷоӣ (ҷануби Эрон) ба вуқуъи пайваст, ки ҳануз иллати он мушаххас нашудааст.

Шиддати вуқуъи инфиҷор ба ҳадде буда, ки мӯҷиби тахриби бархе аз сохтумонҳо ва худравҳо дар наздикии маҳали ҳодиса шуд.

Искандари Муъминӣ, вазири кишвари Эрон ва Фарзонаи Содиқ, вазири роҳу шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон аз нахустин сооти вуқуъи ин ҳодиса ба намояндагӣ аз раисиҷумҳур дар маҳал ҳозир шуданд.

Пирҳусайн Куливанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Исломии Эрон зуҳри якшанбе бо ишора ба интиқоли беш аз ҳазор маҷрӯҳи ҳодисаи бандари шаҳиди Раҷоӣ ба бемористонҳо изҳор кард, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот хеле хуб анҷом шудааст.

Вай бо баёни инки ғолибан ин маҷрӯҳон аз бемористонҳо тархис шудаанд, идома дод, дар ҳоли ҳозир 190 маҷрӯҳ дар бемористонҳо бистарӣ ҳастанд.

Раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон ҳамчунин бо ишора ба инки мутаассифона 28 нафар дар ин ҳодиса ҷон бохтаанд баён кард, 20 нафар дар бахшҳои муроқибатҳои вижа ҳастанд.

Токунӯн кишварҳои бисёре аз ҷумлаи Беларус, Арманистон, Русия, Арабистон, Кубо, Венесуэла, Баҳрайн, Туркия, Уммон, Ироқ, Тоҷикистону Ҷопон бо ирсоли паёмҳое ин ҳодисаро ба хонаводаҳои қурбониён ва ҳамчунин давлату миллати Эрон таслият гуфтаанд.