Адои эҳтироми дипломатҳои хориҷӣ ба ҷонбохтагони ҳодисаи Бандар-Аббоси Эрон
(last modified Fri, 02 May 2025 13:05:59 GMT )
Май 02, 2025 18:05 Asia/Dushanbe
  • Адои эҳтироми дипломатҳои хориҷӣ ба ҷонбохтагони ҳодисаи Бандар-Аббоси Эрон
    Адои эҳтироми дипломатҳои хориҷӣ ба ҷонбохтагони ҳодисаи Бандар-Аббоси Эрон

Порс-Тудей. Сафирон, дипломатҳо ва намояндагони кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид бо ирсоли паёмҳои таслият ва низ ҳузур дар намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон дар СММ, ба ҷонбохтагони ҳодисаи дилхароши бандари шаҳид Раҷоии Бандар-Аббос адои эҳтиром карданд.

Намояндагону сафирони кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар Ню-Йорк, дар ҷараёни гуфтугӯ бо Амир Саиди Еравонӣ, сафир ва намояндаи доими Ҷумҳурии исломии Эрон назди СММ маротиби таслияту ибрози ҳамдардии кишварҳояшон бо давлату миллати Эрон дар пайи ҳодисаи дилхароши бандари шаҳид Раҷоиро эълом карданд.

Ба гузориши “Порс-Туднй”, Еравонӣ ва Заҳро Иршодӣ, муовини намояндагии Эрон, аз намояндагони кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ки барои имзои дафтари ёдбуди ҳодисаи бандари шаҳид Раҷоии Бандар-Аббос дар намояндагии Эрон дар Ню-Йорк ҳузур ёфта буданд, истиқбол карданд.

Дафтари ёдбуди ҷонбохтагони ҳодисаи дилхароши бандари шаҳиди Раҷоии Бандар-Аббос ба муддати ду рӯз дар маҳалли намояндагии Ҷумҳурии исломии Эрон назди СММ дар Ню-Йорк кушода шуд.

Гуруҳи Дӯстони дифоъ аз маншури Милали Муттаҳид низ бо интишори баёнияе эълом кард, кишварҳои узви гуруҳи Дӯстони дифоъ аз маншури СММ, маротиби таслияти самимонаи худро ба мардуму давлати Ҷумҳурии исломии Эрон дар пайи инфиҷори таассуфборе, ки дар 26 апрели 2025 дар бандари шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар шаҳри бандар-Аббос, дар ҷануби Эрон рух дод, иброз медоранд. Ҳодисае ки ба ҷон бохтани даҳҳо нафар ва маҷрӯҳ шудани садҳо тан анҷомид.

Ин гуруҳ ҳамчунин бо орзӯи беҳбудии сареъ ва комили маҷрӯҳони ин ҳодиса гуфт, дар ҳамбастагии комил бо мардуму давлати Ҷумҳурии исломии Эрон истодааст.

Инфиҷори бузурге зуҳри рӯзи шанбеи 6 урдибиҳишт (26 апрел) дар бандари шаҳид Раҷоӣ (ҷануби Эрон) ба вуқуъ пайваст, ки бар асоси гузоришҳои эъломшуда то кунун 70 нафар бар асари он фавт шуда ва беш аз ҳазор тан низ маҷрӯҳ шудаанд.