Размоиши кишварҳои паймони амнияти ҷамъӣ дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i2314
Низомиёни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ размоиши муштараки ҳавоӣ ва хокиро дар шимоли ғарби Русия оғоз карданд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 15, 2016 11:59 Asia/Dushanbe
  • Размоиши кишварҳои паймони амнияти ҷамъӣ дар Русия

Низомиёни кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъӣ размоиши муштараки ҳавоӣ ва хокиро дар шимоли ғарби Русия оғоз карданд.  

Ба иттилои Ирно, ҳавзаи низомии шимоли ғарби Русия эълом кард: Ин размоиши панҷрӯза бо унвони ҳамкории 2016 рӯзи гузашта дар устонҳои Ленинград ва Пскови Русия ва бо ҳузури ягонҳои амалиётӣ ва ҷангафзорҳои мухталиф оғоз шудааст.

Дар ин размоиши муштараки нерӯҳои низомии кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қирғизистон, Арманистон ва Қазоқистон, маҷмуаҳое аз воҳидҳои ҳавоӣ ва падофанди мушакӣ дар канори 50 фарванд ҳавопаймои низомиро алайҳи душмани фарзӣ ба кор гирифтаанд.

Пешравии мутмаин дар шароити ҷангӣ, бомбборони мавозеи душман, ҷобаҷоии нерӯҳо, ҳамоҳангӣ барои набарди муштарак ва шиносоии тактикҳои тарафи муқобил аз аҳдофи аслии баргузории ин размоиш эълом шудааст.

Дар моҳҳои гузашта фаъолиятҳои низомии Амрико ва НАТО дар манотиқи роҳбурдии дарёии сиёҳ ва Балтик аз ҷумла парвозҳои ҷосусӣ ва таҳарруки размновҳо наздики Русия бисёр афзоиш ёфтааст ва аз ҷумла ҳафтаи пеш чанд фарванд бомбафкани бе 52-и роҳбурдии Амрико дар иқдоме камсобиқа дар имтидоди савоҳили Русия дар Уқёнуси мунҷамиди шимолӣ ба парвоз даромаданд.