Таҳдиди амниятӣ парвози “Бритиш Эйрвейз”-ро замингир кард
Сентябр 17, 2017 15:23 Asia/Dushanbe
Як ҳавопаймои хутути ҳавоии “Бритиш Эйрвейз” дар фурӯдгоҳи Порис мутаваққиф шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, ин ҳавопаймо ба иллати таҳдиди амниятӣ тавассути полис ва оташнишонӣ дар яке аз фурӯдгоҳҳои Порис муҳосира шуд.
Ҳамлаи террористӣ дар метрои Лондон боиси афзоиши нигаронӣ дар бештари шаҳрҳои Аврупо шудааст ва мақомоти ин қора худро барои ҳамалоти эҳтимолии дигар омода мекунанд.
Дар пайи инфиҷор дар яке аз вагонҳои метрои Лондон 18 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Барчасп