Тадовуми тазоҳуроти ҳомиёни Фаластин дар Лондон+видео
Ҳазорон нафар аз ҳомиёни Фаластин дар Британия барои 24-умин ҳафтаи мутаволӣ дар хиёбонҳои Лондон тазоҳурот баргузор карданд.
Ҳомиёни Фаластин дар Британия бо маҳкӯм кардани ҷиноёти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза, бо мардуми мазлӯм ва бедифои Фаластин эъломи ҳамбастагӣ карданд.
Ҳозирон дар тазоҳурот ҳамбастагӣ бо миллати Фаластин аз миллиятҳо ва мазоҳиби мухталиф зимни ҳамли парчами Фаластин, шиорҳои адолатхоҳӣ, поёни низоми апартеид, таваққуфи фаврии ҷангу барқарории фаврии оташбас дар Борикаи Ғазза сар доданд.
Тазоҳуркунандагон сипас бо таҷаммуъ дар майдони маърӯфи Расселаи шаҳри Лондон ба самти майдони Трафалгар, наздики дафтари нахуствазири Британия ва ниҳодҳои сиёсии ин кишвар ҳаракат карданд.
Тазоҳуркунандагон ба рағми маҳдӯдиятҳо ва фишорҳои давлати Лондон барои сокит кардани мавҷи физояндаи эътирозоти зидди саҳюнистӣ таъкид доштанд то замоне, ки куштори мардуми Фаластин ҷараён дорад ба эътирозоти худ идома медиҳанд.
Бин Ҷамол, раиси корзори ҳимоят аз Фаластин ва аз баргузоркунандагони тазоҳуроти рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА бар барқарории оташбаси фаврӣ дар Борикаи Ғазза ва таваққуфи ҳамдастии давлати Британия бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ таъкид кард.
Вай ҳамчунин аз давлати Британия хости фуруши силоҳ ба Исроилро мутаваққиф кунад ва кумакҳои молӣ ба Ожонси имдодрасонӣ ва корёбии Созмони милал барои оворагони фаластиниро аз сар бигирад.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид душанбеи ҳафтаи пеш қатъномаеро дар ҳимоят аз барқарории оташбаси фаврӣ дар ин борика тасвиб кард.
Дар ин қатънома аз тамоми тарафҳо хоста шуда, ки ба таваққуфи фаврии даргириҳо дар моҳи Рамазон эҳтиром бигузоранд, аммо ҷиноёти режими ишғолгар алайҳи мардуми мазлӯми Фаластин, бовуҷӯди тасвиби ин қатънома, камокон идома дорад.
Бинобар эъломи вазорати беҳдошти Фаластин, аз оғози ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза дар ҳафтуми октябри гузашта токунӯн 32 ҳазору 705 фаластинӣ шаҳид 75 ҳазору 190 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки бештари қурбониёни ин ҳамалот, занон ва кӯдакон ҳастанд.