Сентябр 18, 2017 17:07 Asia/Dushanbe
  • Идомаи таҳдидҳои террористӣ дар шаҳрҳои мухталифи Русия

Таҳдидҳои телефонии террористӣ дар Маскав ва 12 шаҳри дигари ин кишвар маъмурони амниятиро водор ба ҷобаҷоии 22 ҳазор шаҳрванд кард.

Ба гузориши ИРНА, мавҷи дувуми таҳдидҳои телефонии террористӣ, ки аз рӯзи шанбе оғоз шудааст, рӯзи якшанбе низ бо доманаи бештаре идома ёфт.

Дирӯз якшанбе, ҳашт ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Маскав аз маконҳои шаҳрӣ тахлия шуданд.

Таҳдидҳои телефонии бомбагузорӣ дар дигар шаҳрҳои Русия низ 73 марказ, аз ҷумла синамо, тиҷорӣ ва ҳамлу нақлро дар бар гирифт ва 14 ҳазор нафар низ тахлия шуданд.

 Мавҷи нахусти таҳдидҳои телефонӣ сешанбеи ҳафтаи гузашта оғоз шуд ва се рӯз идома дошт, ки дар маҷмӯъ беш аз 150 ҳазор нафар аз марокизи пурҷамъияти шаҳрҳои мухталиф, аз ҷумла Маскав тахлия шуданд.

 Мақомоти амниятии Русия эълом карданд, таҳдидҳои телефонӣ аз хориҷи ин кишвар анҷом мегирад ва аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин таҳдидҳо нақш доранд.

Ҳеҷ як аз таҳдидҳои телефонӣ то кунун мунҷар ба бурузи ҳодиса нашудааст.

Таҳқиқоти мақомоти амниятии Русия дар ин хусус идома дорад.

 

Барчасп