Сентябр 19, 2017 20:03 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳафтоду дуюмин нишасти Маҷмаи умумии СММ

Ҳафтоду дуюмин нишасти Маҷмаи умумии СММ бо суханронии дабири кулли ин созмон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид имрӯз ба унвони аввалин суханрон дар оғози 72-юмин нишасти Маҷмаи умумии СММ бо орзуи ҷаҳони бидуни силоҳи ҳастаӣ гуфт, дунё аз ҷанги ҳастаӣ ҳаросон аст. Антониу Гутерреш бо ишора ба ҷанги лафзии шадиди мавҷуд миёни Амрико ва Кореяи Шимолӣ ин танишҳоро омиле барои ҳаракат ба самти ҷанги атомӣ арзёбӣ карда гуфт: "Ҳатто таҳдид ба истифода аз силоҳи атомӣ ҳам ғайри қобили қабул аст".  Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин бо ишора ба номувафақ будани хушунат дар ҳалли масоили Миёнмор ба сароҳат аз Ҳукумати Миёнмор хост, ки даст аз куштори руҳингиёиҳо бардорад. Гутерреш гуфт, мақомоти Миёнмор бояд амалиёти низомиро мутаваққиф кунанд, иҷозаи дастрасӣ ба кумакҳои башардӯстонаро бидиҳанд ва ҳуқуқи паноҳҷӯён барои бозгашти эмину муҳтарамонаро ба расмият бишносанд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар бораи муноқишаи фаластиниён ва саҳюнистҳо ҳам ишора карда гуфт, ки роҳкори ташкили кишвари мустақили Фаластин танҳо роҳҳали ин муноқиша аст.

Гутерреш бо ибрози таассуф аз дастовез қарор додани ниёзҳои аввалияи инсонии паноҳҷӯён гуфт: "Мояи таассуф аст, ки бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ паноҳҷӯёнро абзоре барои касби имтиёзоти сиёсӣ қарор медиҳанд".

 

Барчасп