Июл 17, 2016 16:51 Asia/Dushanbe
  • Ҳадаф қарор гирифтани ғайринизомиёни фаластинӣ тавассути Исроил

Дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони милал эълом кард, ки режими саҳюнистӣ ғайринизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад.

Ба гузориши хабаргузории "Қудс", дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи СММ дар баёнияе бо ишора ба ин ки режими саҳюнистӣ дар даргириҳо ғайринизомиёни фаластиниро ҳадаф қарор медиҳад, эълом кард, дар ҳафтаи гузашта 52 фаластинӣ, аз ҷумла 14 кӯдак ба зарбаи гулӯлаи низомиёни исроилӣ захмӣ шудаанд.

Созмони милал бо баёни ин ки ишғолгарони саҳюнист дар ҳафтаи гузашта 98 бор ба шаҳру рустоҳои мухталифи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳамла карданд, гузориш дод, ин режим илова бар боздошти 95 фаластинӣ, як фаластиниро ба шаҳодат расонд.

Пештар ҳам пулиси режими саҳюнистӣ дар гузорише эътироф кард, ки нерӯҳои марзбони Исроил бо фаластиниҳои сокини Қудси шариф бархурди номуносиб доранд, ки дар бархе маворид ин иқдомот бо аҳдофи сиёсии талофиҷӯёна ва ё барои саргармӣ сурат мегирад.

Манотиқи мухталифи сарзаминҳои фаластинӣ аз авоили октябри гузашта шоҳиди эътирозоти густардаи фаластиниён ба сиёсати таҷовузгаронаи режими саҳюнистӣ ва тавтеаи таҳрифи ҳувияти Байтулмуқаддас ва тарҳи тақсими замонӣ ва маконии Масҷидулақсо аст.

Аз оғози Интифозаи Қудс беш аз 225 фаластинӣ ба дасти низомиёни саҳюнист ба шаҳодат расидаанд.

Барчасп