Оморҳои мутафовит аз мушорикати курдҳои Ироқ дар ҳамапурсии ҷудоӣ
Бо вуҷуди интишори хабарҳое дар бораи беэътиноии мардуми бархе манотиқи курднишини Ироқ ба ҳамапурсии ҷудоии иқлими Курдистон, шабакаи курдии Рудав ба нақл аз комиссияи интихобот, мизони мушорикат дар ин ҳамапурсиро 72 дарсад эълом кард.
Ба нақл аз шабакаи хабарии Алъолам, ба гуфтаи Комиссияи интихоботи Курдистон аз маҷмуи 4 миллиону 581 ҳазор нафар, ки барои ширкат дар ҳамапурсӣ сабти ном карда буданд, ҳудуди 3 миллиону 375 ҳазор нафар раъйи худро ба сандуқҳо андохтаанд .
Ҳануз ҳеч натиҷае аз ин ҳамапурсӣ ба сурати расмӣ эълом нашуда, аммо хабаргузории Спутник гуфтааст, ки эҳтимолан беш аз 70 дарсад хостори ҷудоӣ аз Ироқ ҳастанд .
Аз сӯи дигар, қозии таҳқиқоти додгоҳи Саддом-диктатори собиқи Ироқ гуфт: Мизони мушорикат дар ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз ин кишвар дар ду устони Киркук ва Сулаймония аз 20 дарсад фаротар нарафт .
Ирно гузориш дод, ки Мунир Ҳаддод, қозии таҳқиқоти додгоҳи Саддом ба нақл аз бархе манобеи огоҳ бо ишора ба бетафовутии ошкори шаҳрвандон ба ҳамапурсии ҷудоии Курдистон аз Ироқ дар устонҳои Киркук ва Сулаймония пешбинӣ кард: Сарнавишти Масъуди Боризонӣ ҳамчун сарнавишти Саддом хоҳад шуд .
Давлату Маҷлиси Ироқ, дабири кулли Созмони милал, кишварҳои минтақа, Аврупо ва Амрико, зимни маҳкум кардани иқдоми Боризонӣ дар баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ ва муғойир донистани он бо Қонуни асосии Ироқ, ҳаргуна асари қонунии натоиҷи ин ҳамапурсиро рад ва бар ҳифзи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Ироқ таъкид карданд .