Даъват аз Эрон барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус
(last modified Wed, 01 Jan 2025 07:38:25 GMT )
Январ 01, 2025 12:38 Asia/Dushanbe
  • Даъват аз Эрон барои назорат бар интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус

Порс тудей - Сафири Беларус дар Теҳрон, аз муовини сиёсии вазири кишвари Эрон ба унвони нозири байналмилалӣ бар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар даъват кард.

Дмитрий Колсов, сафири Беларус дар Эрон рӯзи сешанбе дар дидор бо Алии Зайниванд, муовини сиёсии вазири кишвари Эрон бо тавҷаҷуҳ ба баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии кишвари Беларус дар 26 январ, ба намояндагӣ аз кишвари матбуаш, аз муовини сиёсии вазир ва раиси Ситоди интихоботи Эрон даъват кард то ба унвони нозири байналмилалӣ дар интихоботи Беларус ҳузур ёбад.

Ба гузориши Порс тудей, муовини вазири кишвари Эрон низ дар ин дидор бо истиқбол аз даъвати сафири Беларус, интихобот дар Эронро аз демократиктарину амнтарин интихоботҳо донист ва гуфт, интихобот бо меҳварияти вазорати кишвар, Шӯрои нигаҳбон ва Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар Эрон баргузор мешавад ва ҳамаи аҳзобу гуруҳҳо дар Эрон метавонанд дар интихоботҳо ҳузур дошта бошанд.