Сентябр 28, 2017 18:55 Asia/Dushanbe
  • Тавбихи муовини нахуствазири Русия ба сабаби саргардонии ҳазорон мусофири рус

Ба думболи саргардонии ҳазорон мусофири рус дар фурудгоҳҳои Русия ва саросари ҷаҳон ба далели варшикастагии ширкати русии “ВИМ-Авиа”, раисиҷумҳури ин кишвар муовини нахуствазир ва вазири ҳамлу нақлро тавбих кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, Аркадий Дворкович-муовини нахуствазир ва Максим Соколов-вазири ҳамлу нақли ин кишварро дар пайи саргардонии даҳҳо ҳазор мусофир дар кишварҳои мухталиф тавбих ва бозхост кард.

Бар асоси ин гузориш, Кумитаи бозпурсии Додситони Русия эълом кардааст, ки ду тан аз мудирони аршади ширкати “ВИМ-Авиа” ба ҷурми мушорикат дар ихтилос боздошт шудаанд ва ду молики аслии ин ширкат, низ аз Русия фирор кардаанд.

Ширкати хусусии ҳавопаймоии “ВИМ-Авиа”, рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки ба иллати қарзи 112 миллион долларӣ эъломи варшикастагӣ карда ва аз се рӯзи пеш парвозҳои худро ба мақсади кишварҳои мухталиф ва шаҳрҳои Русия мутаваққиф кардааст.

Ин масъала сабаб шудааст, даҳҳо ҳазор мусофир дар фурудгоҳҳои Русия ва саросари ҷаҳон саргардон шаванд.

 

Барчасп