Сентябр 29, 2017 20:26 Asia/Dushanbe
  • Мавзеъгирии нахуствазири Британия алайҳи Русия

Нахуствазири Британия хостори иттиҳоди кишварҳои аврупоӣ алайҳи таҳдидҳои Русия шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, Тереза Май гуфт, кишварҳое монанди Русия ба таври амдӣ назми қонунманди байналмилалиро нақз мекунанд, бинобарин бояд барои дифоъ аз низоми байналмилалӣ муттаҳид шуд .

Ӯ бо баёни инки Лондон пас аз тарки Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон ба дифои беқайду шарт аз он мутааҳҳиду пойбанд хоҳад монд, таъкид кард: Британия кумак ва имдодрасонӣ ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, ки қурбонии таҷовузоти мусаллаҳона, терроризм ва фоҷеаҳои табиӣ ё инсонӣ мешавандро идома медиҳад .

Сарони кишварҳои аврупоӣ аз ҷумлаи Тереза Май, нахуствазири Британия, Ангела Меркел, садриаъзами Олмон ва Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса барои ширкат дар Иҷлоси диҷитали Таллин ба пойтахти Эстония рафтаанд .

Мавзеъгирии Лондон алайҳи Маскав дар шароитест, ки мақомоти Кремлин ҳамвора дар хусуси танишофаринии ғарбиҳо ба вижа размоишҳои Созмони паймони Атлантики шимолӣ НАТО наздики марзҳои Русия, ба Амрико ва дигар аъзои ин созмон ҳушдор додаанд .

 

Барчасп