Октябр 06, 2017 17:27 Asia/Dushanbe
  • Раисҷумҳури баъдии Русия кист?

Владимир Путин, раисҷумҳурии феълии Русия ба унвони номзади эҳтимолии бартар дар интихоботи баъдии раёсатҷумҳурии ин кишвар ҳамчунон дар садри назарсанҷиҳо қарор дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо вуҷуди ин ки эълом карда, ҳанӯз барои ҳузур дар рақобатҳои интихоботи риёсатҷумҳурии ин кишвар тасмим нагирифтааст, аммо ҳамчунон дар садри назарсанҷиҳо ба унвони номзади эҳтимолии бартар қарор дорад.

Дар шароите ки камтар аз шаш моҳ ба интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2018-и Русия мондааст, натоиҷи тозатарин назарсанҷии Маркази санҷиши афкори умуми Русия нишон медиҳад, ки 82 дарсади русҳо пуштибони иқдомоти Владимир Путин дар арсаҳои мухталиф ҳастанд. Сатҳи таъйиди мардумӣ аз амалкарди Путин ҳамчунон нисбат ба Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия бо фосилаи зиёд ва дар болотарин сатҳ арзёбӣ мешавад. Бар асоси натиҷаи ин назарсанҷӣ, 10 дарсади русҳо иқдомоти раисҷумҳури Русияро таъйид намекунанд.

Бар асоси Қонуни Асосии Русия, як фард метавонад ду давра пай дар пай раисҷумҳур бошад ва Путин низ ин имконро дорад, ки дар интихоботи соли 2018 номзад шавад. Шашумин давраи интихоботи риёсатҷумҳурии Русия моҳи марти соли 2018 баргузор мешавад.

 

Барчасп