Имкони барчида шудани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24209-Имкони_барчида_шудани_таҳримҳои_байналмилалӣ_алайҳи_Русия
Вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ эълом кард, имкони дастёбӣ ба тавофуқ миёни аъзои ҷомеаи байналмилалӣ бар сари барчидани таҳримҳо алайҳи Русия вуҷуд дорад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Октябр 07, 2017 14:56 Asia/Dushanbe
  • Имкони барчида шудани таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Русия

Вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ эълом кард, имкони дастёбӣ ба тавофуқ миёни аъзои ҷомеаи байналмилалӣ бар сари барчидани таҳримҳо алайҳи Русия вуҷуд дорад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон ҷумъашаб таъкид кард, сармоягузориҳои Арабистон дар Русия ноқизи қонунҳои байналмилалӣ нест ва бар ин бовар аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ барои барчидани таҳримҳо алайҳи Русия ба тавофуқ бирасад.

Вай афзуд, муносиботи кишвараш бо Амрико воқеан бар пояи мушорикати роҳбурдӣ шакл гирифтааст ва бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Русия низ ҳамкорӣ хоҳад дошт.

Одил Ҷубайр таъкид кард, таҳкими равобит бо Русия ба ҳаллу фасли муваффақиятомези бисёре аз масоил дар минтақаи Ховари Миёна кӯмак хоҳад кард.

 Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон чаҳоршанбешаби чаҳоруми октябр ба ҳамроҳи Малик Салмон, шоҳи Арабистон ва ҳайати ҳазорнафараи ҳамроҳи вай ба Маскав рафт.

Ин дар ҳолест, ки равобити Арабистон ва Русия аз як қарн пеш бо таниш ҳамроҳ будааст.