Октябр 07, 2017 19:40 Asia/Dushanbe
  • Тарафдорони Навалний дар бархе шаҳрҳои Русия тазоҳурот карданд

Тарафдорони Алексей Навалний, раҳбари мухолифон имрӯз дар ин кишвар тазоҳурот карданд, то мақомотро барои вуруди вай ба рақобати раёсатҷумҳурӣ, таҳти фишор бигузоранд.

Ба гузориши “Associated Press” аз Маскав, ин тазоҳурот дар солгарди 65 солагии Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар ҳоле сурат гирифт, ки Навалний ба иттиҳоми дархост аз мардум барои ҳузур дар роҳпаймоии ғайриқонунӣ, ба 20 рӯз ҳабс маҳкум шудааст ва акнун дар боздошт басар мебарад.

Токунун даҳҳо то садҳо нафар дар шаҳрҳои мухталиф дар Шарқи Дур ва Сибир таҷаммӯъ кардаанд, ки бештари ин тазоҳурот дорои муҷаввизи нестанд ва пулис шуморе аз тазоҳуркунандагон ва фаъолон дар бархе шаҳрҳоро дастгир кардааст.

Дар Маскав низ садҳо нафар дар маркази ин шаҳр таҷаммӯъ кардаанд ва дар ҳоле, ки парчами ин кишварро дар даст доранд, шиорҳое барои озодии Навалний сар медиҳанд.

Ба думболи баргузории ин тазоҳурот, неруҳои пулис ва Горди миллӣ дар маркази Маскав ва Санкт-Петербург ҳозир шудаанд.

 

Барчасп