Мавҷи эътирозот ва боздоштҳо дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24245-Мавҷи_эътирозот_ва_боздоштҳо_дар_Русия
Ба думболи баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар чанд шаҳри Русия, беш аз 200 нафар дар саросари ин кишвар аз ҷумла даҳҳо нафар дар Санкт- Петербугр зодгоҳи Владимир Путин, боздошт шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 08, 2017 08:52 Asia/Dushanbe
  • Мавҷи эътирозот ва боздоштҳо дар Русия

Ба думболи баргузории тазоҳуроти зиддидавлатӣ дар чанд шаҳри Русия, беш аз 200 нафар дар саросари ин кишвар аз ҷумла даҳҳо нафар дар Санкт- Петербугр зодгоҳи Владимир Путин, боздошт шуданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин тазоҳурот дар панҷ моҳ монда ба замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Русия бо фарохони Алексей Навалний, раҳбари мухолифон, ки дар зиндон басар мебарад, баргузор шуд.

Таҷаммуоти рӯзи гузашта дар зодрузи Владимир Путин ва дар 80 шаҳр воқеъ аз ҷумла Маскав баргузор шуд, аммо теъдоди афроди мӯътариз дар Санкт-Петербург қобили таваҷҷуҳ буд ва тибқи гузоришҳо шумори онҳо ба 3000 нафар мерасид.

Бино бар эъломи созмони пулиси пойтахти Русия, ҳудуди 700 нафар ҳам дар тазоҳуроти зидди давлати дар Маскав ширкат карданд.

Пеш аз ин Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл бо ҳушдор дар бораи баргузории ҳаргуна тазоҳурот дар ҳимоят аз Новалний, баргузории ин навъ тазоҳуротро ғайри қонунӣ ва баргузоркунандагонро муставҷиби таъқиб ва кайфари қазоӣ дониста буд.

Пешбинӣ мешавад, раисиҷумҳури Русия барои чаҳорумин давраи раёсатҷумҳурии худ дар баҳори оянда номзад шавад.