Октябр 08, 2017 13:15 Asia/Dushanbe
  • Зарари 30 миллиард евроии Иттиҳоди Аврупо аз таҳрими Русия

Иттиҳоди Аврупо ҳамчунон аз идомаи таҳримҳои иқтисодии Русия бо ҳидояти Амрико зарар мебинад.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, таҳқиқҳои Донишгоҳи Утришии иқтисод (WIFO), ки ба дархости парлумони Аврупо анҷом гирифт, нишон медиҳад, аз сол 2014 то кунун беш аз 30 миллиард евро ба кишварҳои аврупоӣ зарар расидааст.

Бар асоси ин баррасӣ, аз соли 2014 содироти Аврупо ба Русия 15,7 дарсад дар сол коҳиш дошта ва бо эъмоли таҳримҳо ба 40 дарсад расидааст.

Бар ин асос, дар соли 2013 содироти Аврупо ба Русия 120 миллиард евро буда, ки дар соли 2016 ин рақам ба 72 миллиард евро коҳиш ёфтааст.

Равобити Русия ва Аврупо аз замони буҳрони Қрим ва Украина муташанниҷ шуд.

Дар июли соли 2014 Аврупо ва Амрико таҳрими ашхоси ҳақиқӣ ва ширкатҳои русиро оғоз ва саранҷом тамомии органҳои иқтисодии ин кишварро таҳрим карданд.

Дар муқобил Русия ҳам воридоти маводи ғизоӣ, маводи аввалия ва маҳсулоти кишоварзӣ аз кишварҳои эъмолкунандаи таҳрим ба Русияро мамнуъ кард.

 

 

Барчасп