Ҳушдор дар бораи дубаробар шудани ҳамалот ба масоҷид дар Британия
Теъдоди ҳамалоти нафратафканона ба масоҷид дар Британия, дар шаш моҳи соли 2017, ба 110 маврид расидааст.
Ба нақл аз рӯзномаи Индепендент, аз моҳи март то июли соли 2016, 47 мавриди ҳамла ба масоҷид дар Британия анҷом шуд, ки ин нишон медиҳад, теъдоди ҳамалоти зидди масоҷид ва марокизи исломӣ дар соли 2017 дар ин кишвар, дубаробар шудааст .
Ин рӯзномаи британияӣ, харобкорӣ, навиштани шиорҳои нажодпарастона ва тавҳини гуфторӣ ба мусулмонони дар ҳоли вуруд ба масоҷидро, бахше аз ҳамалоти нафратафканона алайҳи масоҷид дар Британия зикр кардааст.
Ба навиштаи Индепендент, Диана Эбботт, вазири кишвар дар давлати сояи Британия (Ҳизби коргар), ин оморро бисёр мушкилофарин хондааст .
Файяз Могла, раҳбари яке аз созмонҳое, ки барои наздик шудани ҷавомеъ дар Британия фаъол аст, ширкатҳои масъули шабакаҳои иҷтимоиро масъул донистааст .
Ба гуфтаи вай, ин ширкатҳо, ки созмонҳои зидди муҳоҷирон ва нажодпараст дар онҳо фаъоланд, бояд эҳсоси масъулят кунанд, чун бо тарвиҷи нафратафканӣ ва исломҳаросӣ, ҳамалот ба масоҷидро густариш медиҳанд .