Бақоӣ: Ҷомеаи ҷаҳонӣ муқобили дуздии дарёии Амрико биистад
-
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон
Порс-Тудей. Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо ишора ба эътирофи ошкор ва бешармонаи президенти Амрико ба дуздии дарёии киштиҳои эронӣ, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал хост, бо қотеият муқобили чунин иқдомот истодагӣ кунанд.
Исмоили Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон шомгоҳи шанбе дар вокуниш ба эътирофи Доналд Трамп, президенти Амрико ба дуздии дарёӣ алайҳи киштиҳои тиҷоратии эронӣ дар шабакаи иҷтимоии Икс навишт: Ин як лағзиши лафзӣ нест, балки эътирофи рӯшан ба моҳияти ҷиноятии иқдомоти амрикоиҳо алайҳи киштиронии байналмилалӣ аст.
Бақоӣ таъкид кард, ки президенти Амрико боздоштани ғайриқонунии киштиҳои эрониро ошкоро дуздии дарёӣ тавсиф ва бо беҳаёӣ иддао кардааст, ки "мо мисли дуздони дарёӣ амал мекунем".
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон афзуд: Ҷомеаи ҷаҳонӣ, дабири кул ва кишварҳои узви Созмони Милал бояд бо қотеият дар муқобили чунин одисозии нақзи ошкори ҳуқуқи байналмилалӣ истодагӣ кунанд.