Октябр 11, 2017 14:20 Asia/Dushanbe
  • Як масъул: Таъсиси пойгоҳи ҷадиди низомии Русия зарурат надорад

Муовини вазири умури хориҷаи Русия гуфтааст, дар ҳоли ҳозир ниёзе ба таъсиси пойгоҳи ҷадиди низомии ин кишвар дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон вуҷуд надорад.

Ба гузориши сомонаи РИА-Новости, Григорий Карасин дар нишасти хабарӣ дар Маскав гуфт, Қирғизистон чунин пешниҳодеро ба Русия ироа кардааст, вале Маскав тамоюле ба ин тарҳ надорад.

Вай дар баёни иллати ин амр гуфт, пойгоҳи ҳавоии “Кант” дар Қирғизистон ва пойгоҳи низомии 201-и Артиши Русия дар Тоҷикистон дар чорчӯби нерӯҳои Созмони Паймони Амнияти Ҷамъӣ, ба дифоъ аз марзҳои Тоҷикистон дар баробари ҳамалоти террористӣ аз шимоли Афғонистон мутааҳҳид ҳастанд ва миёни ин ду маркази низомии Русия ҳамоҳангии комил вуҷуд дорад.

Ин дар ҳолест, ки Сафар Исҳоқов, нахуствазири Қирғизистон дар сафаре ба Маскав аз русҳо хоста буд, дар марз бо Тоҷикистон дар водии Фарғона, пойгоҳи низомии ҷадиде таъсис кунанд.

Қаблан низ Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон борҳо бар зарурати эҷоди пойгоҳи ҷадиди низомии Русия дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон дар водии Фарғона таъкид карда буд.

Вай иддао кардааст, Тоҷикистон тавони муқобила бо таҳаррукоти гурӯҳҳои террористӣ дар марз бо Афғонистонро надораду Маскав бояд пойгоҳи ҷадиди низомӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таъсис кунад.

 

Барчасп