Амрико аз ЮНЕСКО хориҷ мешавад
(last modified Thu, 12 Oct 2017 14:27:06 GMT )
Октябр 12, 2017 19:27 Asia/Dushanbe
  • Амрико аз ЮНЕСКО хориҷ мешавад

Вазорати умури хориҷаи Амрико бо интишори баёнияе эълом кард, ки Вашингтон аз 31 декабр аз ЮНЕСКО хориҷ хоҳад шуд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Алъолам, Вазорати хориҷаи Амрико бо судури баёнияе расман эълом кард, ки тасмими худро барои хориҷ шудан аз Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид, ЮНЕСКО-ро ба иттилои ин созмон расондааст .

Ин тасмим поёни соли ҷорӣ иҷроӣ мешавад .

Рӯйкардҳои зидди исроилии ЮНЕСКО, далели ин иқдом эълом шудааст .

Ирина Бокова, мудири кулли ЮНЕСКО зимни ибрози таассуф аз хуруҷи Амрико, ин иқдомро зарбае ба сиёсати чандҷонибагароии милали муттаҳид тавсиф кардааст .