Эҳтимоли ихроҷи 150 корманди марказҳои дипломатии Амрико дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24619-Эҳтимоли_ихроҷи_150_корманди_марказҳои_дипломатии_Амрико_дар_Русия
Маскав эълом кард, дар посух ба рӯйкардҳои зиддирусии Амрико, ихроҷи 150 нафари дигар аз коркунони марказҳои дипломатии ин кишвар дар Русияро баррасӣ мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 15, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ихроҷи 150 корманди марказҳои дипломатии Амрико дар Русия

Маскав эълом кард, дар посух ба рӯйкардҳои зиддирусии Амрико, ихроҷи 150 нафари дигар аз коркунони марказҳои дипломатии ин кишвар дар Русияро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Георгий Борисенко раиси идораи Амрикои Шимолии вазорати умури хорҷаи Русия гуфт, Маскав дар посух ба иқдомоти ғайридӯстонаи Амрико, баробар шудани теъдоди коркунони марказҳои дипломатии ду кишварро то 300 нафар хостор аст.

Борисенко бо ишора ба инки дар умури дипломатӣ, асли хадшанопазири "иқдоми мутақобил" вуҷуд дорад, гуфт: Тарафи амрикоӣ аз ин асл огоҳ аст ва агар онҳо ғайрдӯстона бо Русия рафтор мекунанд, яъне бо асли иқдоми мутақобил мувофиқанд.

Русия ду моҳ пеш низ аз Амрико хост, теъдоди коркунони марказҳои дипломатии ду кишварро ба сатҳи баробари 455 нафар бирасонад.

Амрико низ дар охирин иқдомоти дипломатии зидди русӣ, парчами Русияро аз сохтмонҳои марказҳои консулии басташудаи ин кишвар поин кашид.