Октябр 16, 2017 14:07 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раиси ҷумҳурии Фаронса аз рафтори Трамп дар қиболи Эрон

Раиси ҷумҳурии Фаронса аз рафтори Трамп дар қиболи Эрон интиқод кард.

Ба гузориши ИРНА, Эммануел Макрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “ТФ-1” дар бораи мавозеи Вашингтон дар қиболи Эрон гуфт: “Ман ба Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико гуфтаам, ки равиши бадеро дар баробари Эрон пеш гирифтааст. Вай мавзегирии сахтгирона‌таре мехоҳад, аммо ман ин гуна нестам”.

Макрон афзуд, бояд ба Кореяи Шимолӣ нигоҳ кунем ва бубинем, ки натиҷаи бастани ҳамаи роҳҳои музокира чӣ будааст.

Раиси ҷумҳурии Фаронса ибрози умедворӣ кард, тарафҳои тавофуқи ҳастаӣ дар чорчӯби ин тавофуқ боқӣ бимонанд, зеро ба гуфтаи ӯ ба ин тартиб назорати бештаре бар барномаи ҳастаии Эрон хоҳанд дошт.

Макрон ҳамчунин таъкид кард, ки ба даъвати Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва “дар замони муносибе” ба Теҳрон сафар хоҳад кард.

Фаронса дар моҳҳои гузашта ҳамроҳ бо дигар кишварҳои аврупоӣ алайҳи хости Амрико барои лағву музокираи дубора дар бораи тавофуқи ҳастаӣ мавзеъ гирифта аст.