Русия, Телеграмро бобати ифшо накардани калидҳои рамзгузории иттилооти корбарон ҷарима кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24685-Русия_Телеграмро_бобати_ифшо_накардани_калидҳои_рамзгузории_иттилооти_корбарон_ҷарима_кард
Додгоҳе дар Русия, ширкати тавлидкунандаи барномаи паёмрасони телефони ҳамроҳ Телеграмро бобати дар ихтиёр қарор надодани калидҳои рамзгузорӣ, ки барои хондани иттилооти корбарон мавриди истифода қарор мегирад, ҷарима кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 16, 2017 18:01 Asia/Dushanbe
  • Русия, Телеграмро бобати ифшо накардани калидҳои рамзгузории иттилооти корбарон ҷарима кард

Додгоҳе дар Русия, ширкати тавлидкунандаи барномаи паёмрасони телефони ҳамроҳ Телеграмро бобати дар ихтиёр қарор надодани калидҳои рамзгузорӣ, ки барои хондани иттилооти корбарон мавриди истифода қарор мегирад, ҷарима кард.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, расонаҳои Русия эълом карданд, ин додгоҳ, ҷаримае баробар бо 800 ҳазор рубл (14 ҳазор долларро) барои ширкати Телеграм таъин кардааст .

Павел Дуров, бунёнгузори русии Телеграм, ки дар табъиди худхоста ба сар мебарад, пештар дар моҳи сентябр эълом карда буд, дастгоҳҳои иттилоотии Русия хоҳони дастрасӣ ба калидҳои рамзгузории ин барнома ҳастанд .

Пас аз онки Телеграм аз ироаи ин рамзҳо худдорӣ кард, шикояти қонунӣ алайҳи ин ширкат матраҳ шуд .

Ниҳоди назорат бар иртибототи Русия таҳдид карда буд, истифода аз Телеграмро мамнуъ хоҳад кард, зеро натавониста асноди сабти худро ироа диҳад, ин дар ҳолест, ки ширкати Телеграм як ширкати сабтшуда аст .