Октябр 18, 2017 13:42 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии “террористи телефонии Сафорати Амрико” дар Русия

Полиси Русия террористи телефониро, ки Сафорати Амрико дар Маскавро ба бомбагузорӣ таҳдид карда буд, шиносоӣ ва дастгир кард.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, полиси Русия эълом кард, ин фард, ки дорои се парвандаи сӯисобиқа (дорои доғи судӣ) -и ҷиноӣ аст, ба полис гуфта буд, бомбае дар саҳни сафорат гузоштааст.

Нерӯҳои полиси Русия пас аз муҳосираи макони эъломшуда ба ҳамроҳи сагҳои бомбаёб бидуни он ки вориди сохтмони Сафорати Амрико шаванд ва ё дастури холӣ кардани онро бидиҳанд, талош карданд то нишоне аз вуҷуди маводи тарканда пайдо кунанд, аммо чизи машкуке пайдо нашуд.

Ба гузориши полис, фарди телефонкунанда дар шаҳри Нижний Новгород, воқеъ дар ғарби Русия шиносоӣ шудааст.

Ин тамосҳои телефонии таҳдидомез аз торихи 11-уми сентябри соли ҷорӣ дар Русия оғоз шудаву ҳар рӯз низ боиси тахлияи ҳазорон нафарии марказҳои пурҷамъият шудааст.

 

Барчасп