Октябр 19, 2017 19:17 Asia/Dushanbe
  • Толибон масъулияти ҳамла ба Қандаҳори Афғонистонро ба уҳда гирифт

Толибон масъулияти ҳамла ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар устони Қандаҳорро бар уҳда гирифт.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Толибон дар баёнияе эълом кард, дар ҳамлаи нерӯҳои ин гурӯҳ ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар шаҳристони Маиванд дар устони Қандаҳор, ҷануби ин кишвар 60 низомӣ кушта шуданд.

Як муҳоҷим бо мошини мамлу аз маводи мунфаҷира субҳи имрӯз бо вуруд ба пойгоҳи артиши Афғонистон дар шаҳристони Маиванд, худро мунфаҷир кард.

Бар асари ин инфиҷор, дастикам 25 нафар аз низомиён кушта ва даҳҳо нафари дигар аз онҳо захмӣ шуданд, ки ҳоли бархе аз онҳо вахим гузориш шудааст.

Бархе манобеъ, шумори талафотро ҳудуди 70 нафар эълом кардаанд .

Рӯзи сешанбе низ дар ҳамалоти густардаи Толибон ба маркази фармондеҳии полиси шаҳри Гардез дар устони Пактиа, ҷануби шарқии Афғонистон, ҳудуди 40 полис кушта ва даҳҳо нафари дигар низ захмӣ шуданд .

 

Барчасп