Оворагии 590 ҳазор мусалмони миёнморӣ дар Бангладеш
Сухангӯи Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, 589 ҳазор овораи руҳингиёӣ дар урдугоҳҳои Бангладеш пазириш шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории Синхуа, Фарҳон Ҳақ ҳамчунин гуфт, набуди оби тоза ҷони беш аз 320 ҳазор кӯдаки овораи руҳингиёиро дар Бангладеш таҳдид мекунад.
Ҳамчунин Ҷеффри Фелтман, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Миёнмор аз мақомоти ин кишвар ба далели монеътарошӣ дар ирсоли кӯмакҳои башардӯстона ба мусалмонони мазлуми руҳингиёӣ интиқод кард.
Аз рӯзи ҷумъаи 25-уми август то кунун дар мавҷи ҷадиди ҳамалоти саркӯбгарона ва таҷовузкоронаи артиши Миёнмор алайҳи мусалмонони Руҳингиё дар ғарби ин кишвар, беш аз шаш ҳазор тан кушта ва ҳашт ҳазор нафар захмӣ ва садҳо ҳазор нафар низ маҷбур ба фирор ба Бангладеш шудаанд.
Як миллион мусалмони Руҳингиё аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Миёнмор маҳрум ҳастанд.
Бархе созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистаанд барои оворагони руҳингиёӣ дар Бангладеш кумакҳои башардӯстона ирсол кунанд.
То кунун 130 тон кумакҳои имдодии “Ҳилоли Аҳмар”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон барои мардуми мусалмони Миёнмор ба Бангладеш ирсол шудааст.