Интиқоди дубораи Русия аз бадаҳдиҳои Амрико дар БАРҶОМ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24804-Интиқоди_дубораи_Русия_аз_бадаҳдиҳои_Амрико_дар_БАРҶОМ
Муовини вазири умури хориҷаи Русия, бори дигар ба пойбанд набудани Амрико ба тааҳҳудоташ дар иҷрои БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаии Эрон ва 1+5) интиқод кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 21, 2017 13:27 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди дубораи Русия аз бадаҳдиҳои Амрико дар БАРҶОМ

Муовини вазири умури хориҷаи Русия, бори дигар ба пойбанд набудани Амрико ба тааҳҳудоташ дар иҷрои БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаии Эрон ва 1+5) интиқод кард.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симо, Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар ҳузури намояндагони 40 кишвари ҳозир дар Конфронси байналмилалии халъи силоҳ дар Маскав, аз амалкарди Амрико дар қиболи тааҳҳудоташ интиқод карду гуфт: Дар ҳоле, ки Эрон ба тамоми тааҳҳудоти худ пойбанд буда ва Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ борҳо ин пайбандиро тайид кардааст, аммо амрикоиҳо бо сиёсикорӣ ва шонахолӣ кардан аз анҷоми тааҳҳудот, заминаи фурупошии БАРҶОМ-ро фароҳам кардаанд .

Рябков афзуд: Тавофуқи ҳастаии Эрону гурӯҳи панҷи ба иловаи як баъд аз музокироте тӯлонӣ бадаст омада ва як тавофуқи байналмилалӣ аст ва ҳеч кишваре ҳақ надорад, ба ин санад беэътиноӣ кунад .

Такрори ҳимоятҳои Русия аз БАРҶОМ дар канори ҳимояти ҷаҳонӣ ва ба вижа аврупоиҳо аз ин тавофуқи байналмилалӣ дар ҳолест, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳафтаи гузашта таҳдид ба хуруҷ аз ин тавофуқ кард, ки бо вокуниши шадиди ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуд .