Иттиҳоми Русия ба Англия барои ҳимоят аз терроризм дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i24822-Иттиҳоми_Русия_ба_Англия_барои_ҳимоят_аз_терроризм_дар_Афғонистон
Давлати Русия Англияро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар Афғонистон муттаҳам кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 22, 2017 13:49 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми Русия ба Англия барои ҳимоят аз терроризм дар Афғонистон

Давлати Русия Англияро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар Афғонистон муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, сафорати Русия дар Кобул бо интишори баёнияе эълом кард, давлати Англия борҳо чандин болгарди ҳомили таҷҳизоти низомӣ ба махфигоҳҳои гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ дар манотиқи мухталифи Афғонистон ирсол кардааст.

Дар ин баёния омадааст, ҳимояти Маскав аз Толибон воқеият надорад ва чунин ахбори сохта аз сӯи Англия ва Амрико барои инҳирофи таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз шикасти сиёсатҳои Амрико ва НАТО дар ҷанги Афғонистон мунташир мешавад.

Сафорати Русия дар Кобул ба Англия тавсия кард, ба ҷойи нашри чунин ахбори беасос аз ирсоли кумакҳои низомӣ ба манотиқи таҳти контроли гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон худдорӣ кунад.

Борҳо мақомот ва намояндагони афғон гузоришҳое аз ҳимояти болгардҳои ношинос аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар ин кишвар мунташир кардаанд.