Октябр 23, 2017 22:25 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи сенаторҳои Русия барои ҳифзи БАРҶОМ ва фишор бар Конгресси Амрико

Сенаторҳои Русия бо ҳузури намояндагони парлумонҳои узви гурӯҳи 1+5, пешнависи тарҳеро дар иртибот бо БАРҶОМ баррасӣ мекунанд.

Як манбаъ дар Кумитаи умури хориҷии Шӯрои федератсияи Русия эълом карда, тарҳи пешниҳодии қонунгузорони рус қарор аст, дар нишасте дар 25 октябр баррасӣ шавад.  

Дар ин нишаст аз парлумонҳо ба вижа намояндагони кишварҳои гурӯҳи 1+5 хоста мешавад, Конгресси Амрикоро ба манзури ҳифзи тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ, таҳти фишор қарор диҳанд .

Пештар Константин Косачев, раиси Кумитаи умури хориҷии Шӯрои федератсияи Русия таъкид карда буд, ба ҷуз Амрикои ҳеч як аз тарафҳои БАРҶОМ шикояте аз амалкарди Эрон дар ин тавофуқ надорад ва ҳама бар ин боваранд, ки БАРҶОМ муассир будааст .

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 13 октябр зимни худдорӣ аз тайиди пайбандии Эрон ба БАРҶОМ ва таҳдид ба хуруҷ аз ин тавофуқ, тасмимгирӣ дар бораи онро ба Конгресси Амрико вогузор кард .

Ин мавозеи Трамп бо интиқоди густардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла имзокунандагони БАРҶОМ шомили Британия, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон ва ҳатто бисёре аз чеҳраҳо ва мақомоти сиёсӣ дар Амрико рӯ ба рӯ шудааст .

 

Барчасп