Ҳушдори санои Русия дар бораи хуруҷи Амрико аз Барҷом
(last modified Thu, 26 Oct 2017 05:41:29 GMT )
Октябр 26, 2017 10:41 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори санои Русия дар бораи хуруҷи Амрико аз Барҷом

Шӯрои федератсиюн (Маҷлиси сано)-и Русия бо ишора ба хатари таълиқи иҷрои тавофуқи ҳастаии Барҷом бо тасмими раиси ҷумҳурии Амрико, аз Конгресси ин кишвар хост, ба вазифаи худ дар ҳифзи ин тавофуқи байналмилалӣ талош кунад.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Шӯрои федератсиюни Русия, ин шӯро дар баёнияе ҷомеаи ҷаҳонӣ ва низ Конгресси Амрикоро муваззаф ба идомаи талошҳо барои ҳифзи Барҷом донист.

Ин баёния ҳамчунин хуруҷ аз Барҷомро дорои таъсироти манфӣ дар ҳалли дигар масоили байналмилалӣ, аз ҷумла буҳрони Корея эълом карда ва мутазаккир шудааст, дар ҳоли ҳозир иҷрои Барҷом ба иллати роҳбурди ҷадиди раиси ҷумҳурии Амрико бо хатари шикаст рӯбарӯ аст.

Ба ақидаи сенаторҳои Русия чунин иқдоме метавонад эътимод ба тавоноии қудратҳои ҷаҳонӣ барои ҳузур ва масъулятпазирӣ дар арсаи байналмилалро аз байн бибарад.

Шӯрои федератсиюни Русия, маҷолиси Чин, Фаронса, Олмон, Британия ва  порлумони Аврупоро ба эъмоли таъсири олӣ бар мудирони сиёсии давлатҳои худ бо ҳадафи ҳифзи тавофуқи ҳастаии Барҷом фаро хонд.

 Трамп 13-уми октябр эълом кард, зимни худдорӣ аз таъйиди пойбандии Эрон ба Барҷом, тасмимгирӣ дар бораи сарнавишти ин тавофуқро ба Конгресси Амрико хоҳад супурд.