Пешбинии равнақи санъати гардишгарии исломӣ дар оянда
Натоиҷи баррасиҳо нишон медиҳад, ҷавонони мусалмони саросари ҷаҳон тайи солҳои оянда ҳазинаҳои бештареро сарфи сафар кунанд ва интизор меравад равнақи санъати гардишгарии исломӣ ба 300 миллиард доллар бирасад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, бо афзоиши “сафари ҳалол” дар солҳои ахир фурӯдгоҳҳо, ресторанҳо ва меҳмонхонаҳо дар садади ироаи имтиёзу хадамот барои гардишгарони мусалмон, аз ҷумла ихтисоси намозхонаву ироаи ғизоҳои ҳалол ҳастанд.
Фозил Баҳориддин, коршиноси гардишгарии исломӣ ва мудири иҷроии ширкати “Halal Trip” дар ин бора мегӯяд: “Қаблан мусалмонон як бор дар сол ба таври гурӯҳӣ сафар мекарданд, аммо дар ҳоли ҳозир ҷавонони мусалмони 20 то 36 сола чанд бор дар сол ба сафар мераванд”.
Вай афзуд, сафар байни ин насли ҷавони мусалмон дар ҳоли равнақ асту онҳо бо даромади бештар ба дунболи таҷрибиёти аҷибу ғариб ва мақсадҳои дуртар нисбат ба волидайнашон ҳастанд.
Фозил бо баёни ин ки ҳазинаи чанд сафари ин ҷавонон дар тӯли як сол маҷмуан бештар аз як бор сафари волидайнашон дар як сол аст, эълом мекунад, ҳазинаи сафар барои мусалмонони ҷавон дар соли 2016 ҳудуди 55 миллиард доллар ва маҷмӯи сафарҳои исломӣ ба арзиши 156 миллиард будааст.
Ба гуфтаи вай, ин дар ҳоле аст, ки интизор меравад ин омор ба тартиб то солҳои 2025 ва 2026 ба 100 ва 300 миллиард доллар бирасад.
Баррасиҳо нишон медиҳад, ки кишварҳои бештаре ба дунболи касби саҳм дар бозори сафарҳои мусалмонон ҳастанд.
Натоиҷи ин баррасиҳо нишон медиҳад, теъдоди зиёде аз ҷавонони мусалмони Индонезия, ки бештарин ҷамъияти мусалмонони ҷаҳонро дорост, Миср ва Қазоқистон ба таври мукаррар ба гардишу сайру сафар мепардозанд.