Октябр 28, 2017 13:51 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Испания кобина ва парлумони Каталонияро пароканда кард

Нахуствазири Испания ҷумъашаб зимни пароканда кардани давлати маҳаллӣ ва парлумони минтақаи Каталония, аз идораи ин минтақа тавассути Мадрид то 21 - уми декабр хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, парлумони минтақаи Каталония дирӯз (ҷумъа) бо 70 раъйи мусбат, 10 раъйи манфӣ ва ду раъйи мумтанеъ (худдорикунанда), ба сурати яктарафа аз давлати Испания эъломи ҷудоӣ кард.

Пас аз ин иқдоми парлумони Каталония, давлати Испания нишасти фавқуллода ташкил дод ва Мариано Рахой, нахуствазири Испания гуфт, тасмимҳое барои мунзавӣ кардани давлати маҳаллии Каталония гирифта шудааст.

 Вай афзуд, парлумон ва давлати маҳаллии Каталония мунҳал ё пароканда аст ва то замони баргузории интихоботи ҷадид дар ин минтақа, яъне 21 - уми декабр Каталония тавассути давлати марказии Испания идора хоҳад шуд.

 Рахой ҳамчунин эълом кард, раиси полиси минтақаи Каталонияро низ ба зудӣ барканор хоҳад кард.

Ҳамапурсии ҷанҷолии истиқлоли Каталония аз Испания аввали октябр, бо вуҷуди мухолифати Мадрид баргузор шуд, ки дар ин интихобот 90 дарсади ширкаткунандагон ба истиқлоли Каталония аз Испания раъй доданд.

Додгоҳи қонуни асосии Испания пештар баргузории ҳамапурсиро ғайриқонунӣ эълом карда буд, зеро бар асоси қонуни асосии Испания, ин кишвар ғайриқобилитақсим аст.

 Иттиҳоди Аврупо ва чанд кишвари аврупоӣ бо эъломи истиқлоли Каталония, мухолифат ва ҳимояти худро аз тамомияти арзии Испания эълом карда буданд.

Ҳамчунин шаби гузашта садҳо нафар аз мардуми шаҳри Барселона дар эътироз ба эъломи истиқлоли минтақаи Каталония, дар маркази ин шаҳр тазоҳурот карданд.