Октябр 30, 2017 15:15 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз ёфтаҳои парвандаи табонии Трамп бо Русия

Фармондори ҷумҳурихоҳи иёлати Ню-Ҷерсии Амрико аз натоиҷи таҳқиқ дар парвандаи табонӣ ё созишу пинҳонкории раиси ҷумҳурии ин кишвар бо Русия ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши шабакаи Си Эн Эн, Крис Кристи, фармондори ҷумҳурихоҳи иёлати Ню-Ҷерси дар вокуниш ба интишори нахустин натоиҷи баррасии Роберт Мюллер, додситони вижаи таҳқиқ дар бораи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 гуфт, натоиҷи ин таҳқиқ нигаронкунанда аст.

Фармондори Ню-Ҷерси ҳамчунин гуфт, Кохи Сафед то кунун ҳеч иқдоме дар мухолифат бо Роберт Мюллер барои беэътибор кардани гузориши ӯ анҷом надодааст.

Идораи таҳқиқоти полиси федералии Амрико – FBI ва чанд кумита дар конгресси ин кишвар машғули баррасии иттиҳоми дахолати Маскав дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ҳастанд.

Роберт Мюллер, додситони вижаи таҳқиқ дар бораи дахолати эҳтимолии Русия дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико дар соли 2016 низ аввалин иттиҳомотро дар ин парванда дар мавриди эҳтимоли ҳамкории ситоди интихоботии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии ин кишвар ва Русия матраҳ кардааст.

 

Барчасп