Ҳамлаи Русия аз ҳавову дарё ба ДИИШ
Русия аз ҳавову дарё мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар вилояти Дайруззури Сурия мушакборон кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, сухангӯи Вазорати дифои Русия эълом кард, бомбафканҳои роҳбурдии “Tupolev-22 M-3”) рӯзи ҷумъа барои сеюмин рӯз паёпай марокизи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро дар шаҳри Абукамоли вилояти Дайруззур, дар шарқи Сурия ҳадаф қарор доданд.
Генерал Игор Конашенков афзуд, зердарёии “Колпино”-и Русия низ аз баҳри Миёназамин чанд мушак ба самти мавозеи ДИИШ дар Дайруззур шиллик кард.
Сухангӯи Вазорати дифои Русия хотирнишон кард, дар ин ҳамалоти мушакӣ марокизи фармондеҳӣ, худравҳои зиреҳӣ, сангарҳову анборҳои силоҳу муҳиммоти афроди ДИИШ мунҳадим шуданд.
Русия аз авохири сентябри соли 2015 дар қолаби ҳамкории зиддитеррористӣ бо Сурия, афзун бар истифода аз ягони ҳавофазоии худ, мустақар дар “Ҳмеймим”, аз воҳидҳои дарёӣ ва зердарёӣ ва ҳамчунин бомбафканҳои қорапаймои худ барои бомбаборони аҳдофи террористҳои ДИИШ ва Ҷабҳаи Аннусра баҳра мегирад.