Ноябр 06, 2017 21:27 Asia/Dushanbe
  • Трамп ба бадрафторӣ бо моҳиҳо муттаҳам шуд!

Рафтори номутаорифи раисҷумҳури Амрико дар сафар ба Ҷопон, боз ҳам дар фазои маҷозӣ хабарсоз шуд ва ин бор эътирозии тарафдорони муҳити зистро дар пай дошт.

Ин бор, шокиёни Трампро мудофеони ҳуқуқи ҳайвонот ба вижа ҷопониҳои моҳидӯст ташкил медиҳанд .

Моҷаро аз ин қарор аст, ки Трамп дар мушойиати Шинзо Абe, нахуствазири Ҷопон машғули тамошои истахре пур аз моҳии гулӣ (моҳии қирмизи гулдфиш) ва ғизо додан ба онҳо буд, ки сабраш тамом мешавад ва зарфи ғизоро якҷо дар истахр холӣ мекунад .

Ҳоло мардум дар фазои маҷозӣ ба вижа Твиттер эътироз мекунанд, ҳатто агар одам сарриштае аз ҳаёти обзиён надошта бошад, бояд бидонад, ки моҳиҳо наметавонанд ин миқдор аз ғизоро якҷо ва дар як ваъда ҷазб кунанд ва ин фароянд натиҷае ҷуз олудагии муҳити зиндагии онҳо надорад .

Хулоса онки ҳоло Твиттер-муҳимтарин абзори расонаии раисҷумҳури Амрико-пур шуда аз ҷумалоте мушобеҳи ин маврид: “Трамп ҳатто урзаи дуруст ғизо додан ба моҳиҳоро ҳам надорад”.