Ноябр 10, 2017 21:28 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи давраи омӯзиши забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ

Давраи омӯзиши забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ, минтақаи Қафқоз, шимоли Русия ифтитоҳ шуд.

Ба гузориши ИРНА, дафтари матбуотии Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ эълом кард, давраи омӯзиши забони форсӣ ва хондани китоби “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ барои донишҷӯёну устодон дар Маркази фарҳанги эронии ин донишгоҳ ифтитоҳ шуд.

Тадриси ройгони забони форсӣ дар Донишгоҳи давлатии Осетияи Шимолӣ бо имзои мувофиқатномаи ҳамкорӣ байни ин донишгоҳ ва Донишгоҳи Аллома Таботабоии Теҳрон имконпазир шудааст. Давраи кунунии забони форсӣ дар Донишгоҳи Осетияи Шимолӣ то поёни сол идома хоҳад дошт ва бар асоси ошноӣ ба забон форсӣ, се гурӯҳ омӯзиш хоҳад дид. Муҳаммадмаҳдии Замонӣ ва Сумая Оқобобоӣ, устодони забону адабиёти форсии Донишгоҳи Аллома Таботабоӣ тадриси забони форсиро дар ин давра бар уҳда доранд.