Ноябр 12, 2017 14:20 Asia/Dushanbe
  • Русия: НАТО барои ҷанги ҳастаӣ омода мешавад

Вазири дифои Русия эълом кард, Созмони Паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) барои ҷанги ҳастаӣ омода мешавад.

Ба гузориши рӯзномаи “Независимая газета” чопи Маскав, Сергей Шойгу- вазири дифои Русия, тасреҳ кард, иддаоҳои зидди русӣ дар мавриди размоиши муштараки ахири Русия ва Беларус низ барои ҳамин манзур тарҳ ва ба он доман зада мешавад.

Ӯ афзуд, ҳаёҳуе, ки расонаҳои ғарбӣ дар бораи размоиши «Запад-2017» эҷод кардаанд, барои тавҷеҳи афзоиши фаъолияти НАТО дар муҷовирати марзҳои Русия ва Беларус аз ҷумла дар масоили марбут ба корбурди силоҳи ҳастаӣ аст.

Вазири дифои Русия ҳамчунин ба иқдоми кишварҳои узви НАТО ба эҳдоси зерсохтҳои низомии ҷадид, шомили фурудгоҳҳои низомӣ, подгонҳо ва бандарҳо дар манотиқи муҷовири Русия ишора кард ва гуфт, ин иқдомот суботи роҳбурдиро дар минтақа барҳам мезанад.

Размоиши «Запад-2017» муштарак миёни Русия ва Беларус, моҳи сентябр дар манотиқе аз Беларус ва шаҳри бандарии Санкт-Петербург, Ленинград ва манотиқи марзии Пскови Русия баргузор шуд.

 

Барчасп